

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ"


Марказ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти кор кардан дар давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Федератсияи Россия, Руминия ва Қатар доранд, машварат ва кӯмакҳои ройгон пешниҳод менамояд
Дар бораи мо
Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ фаъолият менамояд. Муассисаи зикршуда тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 390 аз 4 июни соли 2014 таъсис дода шудааст ва сохтори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Самти фаъолияти Марказ таъмини омодагии шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба хориҷа ҷиҳати аз худкунии касбҳои зарурӣ, забони кишвари таъинот, фарҳангро дар бар мегирад.
- Мақсади асосии фаъолияти Марказ омодагии ҳамаҷонибаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷират ба хориҷа мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсад корҳои зерин анҷом дода мешаванд;
- Мукамалсозии сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон;
- Бақайдгириии муҳоҷирони баргашта ва аъзоёни оилаи онҳо;
- Пешниҳоди Сертификат оид ба касбҳои аз худ кардашуда дар кишвари таъинот;

Кор дар Британияи Кабир
Кӯмак барои таъмини шаҳрвандон бо кори мавсимӣ дар Британияи Кабир.Мақсади Барномаи коргарони мавсимӣ — кам кардани норасоии коргарони мавсимии…








