Дар бораи мо
Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ"

Мақсади мо
Таъмини омодагии пурраи шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати бехатар ба хориҷа
Таъмини омодагии пурраи шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати бехатар ба хориҷа Марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ фаъолият менамоянд. Мо нақша дорем дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Ҳисор ва Данғара Марказҳои нав кушода, шумораи онҳоро васеъ намоем
Мукамалсозии сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон
- Гузаронидани машваратҳо ва ҷаласаҳои иттилоотӣ барои муҳоҷирони эҳтимолӣ дар бораи кишварҳои таъинот ва имконоти муҳоҷирати онҳо. Баргузории сессияҳои мақсадноки омӯзишӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тавассути Барномаи коргарони мавсимӣ ба Британияи Кабир ба кор ҷалб шудаанд
- Бозравонии шаҳрвандон ба “Маркази таълимоти калонсолон” барои гузаштани омӯзиш ва ба даст овардани Сертификат оид ба тасдиқи малакаҳои касбӣ
- Омӯзиши бозори меҳнати давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ
- Қабули шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд ба бахшҳои забономузӣ
Дастгирии муҳоҷирони баргашта ва фаъолиятҳои минбаъдаи онҳо
- Ташхиси тиббӣ (Бемориҳои сироятӣ аз қабили ВИЧ/СПИД/ТБ)
- Бозравонии шаҳрвандон ба “Маркази таълимоти калонсолон” барои гузаштани омӯзиш ва ба даст овардани Сертификат оид ба тасдиқи малакаи касбҳои аз худ карда шуда дар давлатҳои таъинот
Наворҳо
3 Videos