Skip to content
logo logo
  • АСОСӢ
  • НАВИД
  • ДАР БОРАИ МО
  • КИШВАРИ ТАЪИНОТ
    • ХИЗМАТРАСОНИҲО
    • ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
    • БРИТАНИЯИ КАБИР
      • МАЪЛУМОТИ ПЕШ АЗ САФАР
      • САВОЛУ ҶАВОБ
    • ЛАТВИЯ
    • ЛАҲИСТОН
    • КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
    • ОЛМОН
  • ТАМОС
  • ИНТИХОБИ ЗАБОН
    • ТОҶИКӢ
    • РУССКИЙ

Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ…

  • АСОСӢ
  • НАВИД
  • Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ…

Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар шаҳри Исфара

  • By admin
  • 17.02.202419.04.2024
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара якҷоя бо КИ ҲХДТ дар шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Кулканд бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо иштироки зиёда аз 75 нафар шаҳрвандон вохӯрӣ доир намуд.
Мулоқот таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Исфара – Зиёвиддинзода С., доир гашт.
Дар вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан суханронӣ намуданд.
Аз тарафи сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., вобаста бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати бехатар ва оиди зӯроварӣ дар оила, даст ба худкушӣ задани занҳо, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори иштирокчиён чавобҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

Хабарҳои охирин:

  • Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт
  • Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар маркази ноҳияи Темурмалик
  • Гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар шаҳри Конибодом
  • Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар шаҳри Исфара

Рубрикаҳо:

  • НАВИД

Ҳуқуқҳо ҳимоя шудаанд © All rights reserved 2024

We are using cookies to give you the best experience on our website.

You can find out more about which cookies we are using or switch them off in .

Mgrationcentre
Powered by  GDPR Cookie Compliance
Privacy Overview

This website uses cookies so that we can provide you with the best user experience possible. Cookie information is stored in your browser and performs functions such as recognising you when you return to our website and helping our team to understand which sections of the website you find most interesting and useful.

Strictly Necessary Cookies

Strictly Necessary Cookie should be enabled at all times so that we can save your preferences for cookie settings.

If you disable this cookie, we will not be able to save your preferences. This means that every time you visit this website you will need to enable or disable cookies again.